Козими Ғарибободӣ, дабири ситоди ҳуқуқи башари Эрон имруз душанбе дар садри ҳайати қазоӣ ба Бағдод сафар кард Ғарибободи дар маҳали терори шаҳиди генерал Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳди Алмуҳандис ва ҳамроҳонаш ҳузур ёфт ва ба мақоми шомихи ин шуҳадо адои эҳтиром кард.
Генерал Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки 3 январи соли 2020 ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд ба ҳамроҳи Абумаҳди Алмуҳандис, ноибраиси басиҷи мардумии Ироқ "Алҳадушаъби" ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоӣ неруҳои мутаҷовиз ва террористии амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Козми Ғарибободӣ, дабири ситоди ҳуқуқи башарии Эрон имруз бо Наҷмабдуллоҳ Аҳмад, додситони кулли Ироқ дидор кард ва ду тараф дар бораи теъдоди аз парвандаҳои муштарак ва ҳамкори қазоӣ байни ду кишвар гуфтугу ва ройзани карданд.
Қози Лайс Ҷабарҳама, раиси шурои назорати қазоӣ Ироқ низ бо дабири ситоди ҳуқуқи башари Эрон ва ҳайати ҳамроҳи вай дидор кард.
Ғарибободӣ қарор аст имруз бо Холид Шавони, вазири додгустарии Ироқ ва чандтан аз мақомоти ироқӣ низ дидор кунад.
342/